Дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ доир гардид. Дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи раҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар рафти чорабинӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла пиромуни таҷрибаи пешқадами ҷониби Туркия дар соҳаи тандурустӣ муаррифӣ карда шуд.
Инчунин дар рафти чорабинӣ мулоқоту вохуриҳои дуҷонибаи Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркия дар назар аст.