
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов мулоқот намуд. Дар ин бора Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ намуданд. Тарафҳо инчунин барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии дарпешистода ба мувофиқа расиданд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.