
Имрӯз, 27 апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” ба кори худ оғоз намуда, то 4 май идома мекунад. Озмуни мазкур ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шудааст. Дар ин бора Боймурод Ҳаитов, ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик хабар дод.
Ҳадафи фестивал-озмун рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баланғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Маросими кушодашавии Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.