Дар донишгоҳи (Славянии) Русия ва Тоҷикистон Конфронси 10-уми байналмилалии илмӣ – амлии донишҷӯён таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ” баргузор гардид. Дар ин бора Тахмина Амониён , хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз ҷараёни чорабинӣ хабар дод.
Дар конфронси мазкур донишҷӯён , магистрантон , аспирантҳои мактабҳои олии кишвар , инчунин донишҷӯён ва магистрантҳои донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои хориҷ , аз он ҷумла, Ӯзбекистону Русия ба шакли маҷозӣ дар ин конфронс иштирок намуданд.
Мақсади асосии ин чорабинӣ ташаккули донишҳои нав ва табодули таҷрибаи илмию амалии донишҷӯён, олимон аспирантҳо ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ мебошад.