Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халафов Халаф баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ, авиатсионӣ, энергетикӣ, саноатӣ, ҳарбӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, илму маориф баррасӣ гардид.
Миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳамаи бахшҳо, танзими сафарҳои мутақобил, инчунин коркарди абзорҳои нави равобити дуҷониба табодули фаъоли афкор сурат гирифт.