Аз 1 то 3 майи соли 2023 ҳайати коршиносони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Ҳадятулло Атавуллоев, Сармеъмори шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ Солеҳ, Мудири шуъбаи ҳуқуқи шаҳри Душанбе Сайдулло Раҷабзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоҳиакашии «Душанбешаҳрсоз» Меҳриддин Ғиёсиддин, соҳбокори муваффақ Ҳабибулло Сулаймонов ба хотири шинос шудан аз рафти шаҳрсозӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд. Дар ин бора Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар дод.
Ҳайати меҳмононро Муовини аввали Ҳокими шаҳри Тошканд Бахтёр Раҳмонов қабул намуда, доир ба пешравиҳои шаҳр дар бахши сохмон ва меъморӣ маълумот дод.
Сипас, меҳмонон аз сохторҳои шаҳрӣ ва иншооти нави шаҳр дидан намуданд. Меҳмононро дар ин сафар Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.
Интизор меравад, ки меҳмонон тайи ду рӯзи дигар аз шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ва иншооти нави ин шаҳрҳои таърихӣ дидан намоянд.