
Имрӯз, 3 майи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳмед Фаруқ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, дар оғози суҳбат Абдуҷаббор Раҳмонзода Аҳмед Фаруқро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафири Покистон дар Ӯзбекистон табрик намуда, дар фаъолияти пурмасъул бурдбориҳо орзу намуд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон аз шиносоӣ бо ҳамкасби худ хушҳолӣ баён карда, омодагиии хешро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуд.
Дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯст баррасӣ шуданд.