Саннаи 11 майи соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия чорабинӣ дар мавзӯи Дипломатияи обии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди муносибатҳои дуҷониба дар Институти афкори стратегии Туркия доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар чорабинии сафири Тоҷикистон дар Туркия, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (маҷозӣ), директори муассисаи мазкур, олими ҷавон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат варзида дар доираи мавӯъ суханрониҳо намуданд.
Ҳамзамон, олимон, коршиносон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои бонуфузи Туркия иштирокчии чорабинии мазкур буданд .