Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда ва вазири давлатӣ оид ба маскунсозии Давлати Кувайт Мутлақ Найф Умар Абуруқба саннаи 11 майи соли 2023 мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар самти энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла энергияи об ва офтобӣ баррасӣ гардиданд.