26 майи соли 2023 дар Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он» баргузор мегардад. Дар он иштироки олимон ва коршиносони соҳа дар назар аст. Дар ин бора аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ба радиои “Овози тоыик ” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки дар доираи ҳамоиш робитаҳои мутақобилаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик, ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягона аз нигоҳи кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур баррасии илмӣ ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.