Имрӯз дар Китобхонаи милли Тоҷикистон ҷаласаи XVIII-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора хабарнигори радиои»Овози тоҷик» Абдунасим Раҷаб хабар медиҳад.
Дар форуми мазкур роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат доранд. Дар Форум баррасии масъалаҳои васеи дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ, аз он ҷумла, уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ, хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ, тамоюли нави ҳамкории давлатҳои СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ, равандҳои муҳоҷират дар ҳавзаи СҲШ ва дигар масъалаҳои сатҳи умумиминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди бӣаррасӣ қарор мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки Форум рӯзҳои 22 то 23-и май баргузор мегардад. Форуми мазкур соли 2006 таъсис ёфта , аз ҳар кишвари узв як як маркази муҳимми таҳлилӣ шомили он мебошад. Форуми мазкурро Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ дорад.