Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳимми ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳимми ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.
23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун, ки маҳз ҳамин саннаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.
Инак шуруъ аз соли 1997 дар заминаи ташаббуси қонунгузории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷавонони миллат дар роҳи истиқрор ва пойдории сулҳу субот, нақши муассири онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, ҳамасола насли ҷавон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ин санаи арзишмандро истиқбол мегиранд.
Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Вобаста ба ин санна корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Абдулхайр Абдураҳмонзода суҳбате доштанд, бо муҳаррири варзидаи радиои “Овози тоҷик” Зулфия Сафарова.
“Таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳаё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Аз баски насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсиву иҷтимоии он низ на фақат неруи демократи давлатҳо, балки хусусиятҳои таҳавулот, стратегияи тарақиёт ва ояндаи кишварҳо риоя мекунад. Маҳз ҳамин ҷамбаҳои муҳиму тақдирсози кишварамонро ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро соли “Ҷвонон” эълон намуданд, вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати Тоҷикистон танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рӯ меорад, зеро, сиёсати ҷовонон таҳкурсии сиёсати давраи истиқлолиятро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур давра ба давра панҷ маротиба “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, се маротиба “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2013-2015, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.
Ҳамчунин, дар баробари ин “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки ин ҳама зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард. Пас аз қабули чунин санадҳо конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар ҳар яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши бисёр муҳим гузоштанд”.
Дар замони муосир ҳама баҳри пешрафту комёбиҳои нав ба нав мекӯшад, то ба як ҷоддае бо муваффақият расад. Чун асри ХХ1 асри пешравию илму техника ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷабҳа танҳо он шахс, ҷомеа ва ё давлате муваффақ аст, ки захираи бойи кадрӣ ва мутахассисони сатҳи воло дорад. Яке аз қишрҳои асосии ҷомеа, ки бештар аз ҳисоби онҳо кадрҳои соҳаҳои мухталиф ба воя мерасанд, ҷавонон мебошанд.
Дар ин замина таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон рӯз то рӯз афзуда, ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд. Тибқи оморҳои расмӣ дар муддати 30 соли истиқлоли давлатӣ 4200 нафар наврасону ҷавонон аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар гардида, то ҳол саҳми муносиби худро дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа гузошта истодаанд.
Имрӯз зиёда аз 13 ҳазор нафар ҷавонон дар доираи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти кишвар «Дурахшандагон» таҳсил намуда, беш аз 30 нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз соли 2005 то ба ҳол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон барои ҷавонони болаёқат, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд, «Квотаи Президентӣ» амал менамояд. Имрӯз дар муассисаҳои олии касбии кишвар зиёда аз 5 ҳазор писарону духтарон тибқи квота таҳсил намуда истодаанд.
Яке аз ҷавононони муваффақи даврони истиқлол, донишҷӯи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандаи стпендияи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соли хониши 2022 ва 2023 Ҷамшед Муродов дар сӯҳбат бо Зулфия Сафарова перомуни дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат чунин ибрози андеша намуд:
“ Таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон имрӯз ба яке аз масъалаи рӯзмара ва ҷолиби диққат арзёби мешавад, чунки дар замони соҳиистиқлолӣ ҷавонони баруманди тоҷик ба хуби дарк намудаанд, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин қишри ҷомеа равона гардидааст. Ва имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони ташабускор ва созанда ҳастанд ва бо дар назардошти ин ҳама ғамхорию аҳамияти ҳамаҷониба аз тарафи ҳукумат ҷавонон низ ҳам дар роҳи илм, ҳам дар роҳи варзиш ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди дохилию беруна саҳми сазовор мегузоранд ва парчаму номи Тоҷикистони азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Имрӯз яъне 23 май як рӯзи хосу арзишмандест баҳри ҷавони тоҷик ва бо ифтихору тантана аз ин рӯз истиқбол намуда, пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва баҳри рушди давлатдории миллӣ камари ҳиммат мебанданд”.
Имрӯз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Дар баробари ин гуна дастгириҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат, имрӯз ҷавононро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда қадр намоянд. Мо ҷавононро мебояд, ки амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз тамоми хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони пуртаззод эмин нигоҳ дорем.
Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир амаҳмияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қиммат донад ва дар умум худшиносу худогоҳ бошад.
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!