Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода беморонро, ки бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ҷароҳат бардоштанд, хабар гирифтанд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот ба табибон ҷиҳати хуб нигоҳубин намудан ва расонидани кӯмаки тиббӣ ба беморон супоришҳои мушаххас дод.
Ба иттилои манбаъ, ба ғайр аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ, Тем ва Ниводак дар дигар қисматҳои шаҳр, ки бар асари фаромадани тармаҳои калон бо дарназардошти боришоти беисти барф то 1 метр, хати барқ муваққатан канда шуд ва ба ҳолати ҳозир 98 фоизи он барқарор гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 15 феврали соли 2023, тахминан соати 10.00 дар шаҳри Хоруғ, дар натиҷаи фаромадани тарма сенздаҳ нафар ҷони худро аз даст доданд, ки дар байни онҳо кӯдакони хурдсол ва занон низ ҳастанд. Ёздаҳ нафар аз фавтидагон зан, се нафар кӯдак ва ду нафар мард буда, нӯҳ тан сокини ноҳияи Мурғоб, ду сокини шаҳри Хоруғ, як сокини ноҳияи Роштқалъа ва як сокини ноҳияи Рӯшон мебошанд. Панҷ нафари фавтидагон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳастанд. Нафароне, ки бар асари ин офати табиӣ осеби ҷисмонӣ бардоштанд, дар муассисаҳои табобатии шаҳри Хоруғ бистарӣ гардидаанд.