
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нимаи аввали рӯзи 20 феврали соли 2023, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ, боздид аз вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Дар ин бора Назарзода Ризо Шодӣ, раиси шаҳри Хоруғ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.
Дар ин сафар Сарвазири кишварро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ҳаморҳӣ намуданд.
Ҳадафи ин сафар расонидани кӯмаки Пешвои муаззами миллат ба дидагони офати табиӣ, мулоқот бо онҳо, шиносоӣ аз рафти сохтмони иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ маҳсуб меёбад.