Бино ба иттилои қаблан дода шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Чин байни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин Созишномаи қолабӣ ба имзо расонида шуд.
Дар асоси Созишномаи қолабӣ ҷонибҳо нақша доранд, ки ояндаи наздик боз ду созишномаи қарзӣ- яке дар ҳаҷми 20,0 миллион доллари амрикоӣ ва дигаре дар ҳаҷми 100,0 миллион юани чинӣ ба имзо расонанд. Дар ин бора аз Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
«Амонатбонк» аз соли 2008 инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар самтҳои гуногун бо Бонки давлатии рушди Чин ҳамкорӣ ба роҳ монда, то имрӯз 8 созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 56.5 миллион доллари амрикоӣ ва 33,0 миллион юани чинӣ ба имзо расонидааст.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ мунтазам ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешидааст. Имзои Созишномаи қолабӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин далели ин гуфтаҳо аст.