Дар доираи ҳамкории дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва барномаи фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳти унвони «Поянда бод дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Узбекистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишҳоро дар самти рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон ва дӯстии ҷавонони халқҳои тоҷику узбек судманд арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику узбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём байни онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек устувор буд. Баргузории ин ҳамоиш, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рост омад, аз муттаҳидии ҷавонони тоҷику узбек ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Узбекистон шаҳодат медиҳад.
Зимни барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо ансамбли Донишгоҳи давлатии Бухоро намоиш дода шуд, ки инъикоскунандаи дӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҷавонӣ буд.