31 июли соли 2023 ҷаласаи 18-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шакли маҷозӣ дар мавзуи ҳодисаҳои таҳқир ва сӯзондани нусхаҳои Қуръон баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нишасти мазкур муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим намояндагӣ кард.
Тазаккур гардид, ки паёми сулҳ, шафқат ва таҳаммулпазирии Қуръон ва таъкиди он ба илму дониш барои тамоми башарият дар ҳама давру замон зарур мебошад.