«Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо синамогарони Турк филмҳои муштарак ба навор гирифтанист. Дар ин бора Тахмина Амониён хабарнигори радиои “Овози Тоҷик” аз забони директори киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиен зимни нишасти хабарӣ иттилоъ медиҳад.
Дар нишаст зикр гардид, ки рӯзи 19 июн Маҳмадсаид Шоҳиен бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Адҷар мулоқот кардааст. Тарафхо ба мувофиқа расидаанд, ки филмҳои муштарак ба навор гиранд.
Ҳамчунин дар нишасти хабарӣ Маҳмадсаид Шоҳиен ба хабарнигорон гуфт, ки филми «Тоҷикон» алакай ба навор гирифта шудааст. Директори ин лоиҳа Рустам Шоазимов мебошад. Ин филм бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба тамошобинон намоиш дода мешавад.