21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ташриф оварда, бо намунаи ёдгориҳо ва санадҳои таърихӣ доир ба таърихи таъсиси ҳизб ва давраҳои ташаккули он шинос шуданд. Дар ин бора Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 акс, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маъраз гузошта шудаанд.
Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ҳудуди беш аз 147 ҳазор метри мураббаъро ишғол карда, аз осорхонаҳои калонтарин ва дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми Чин ба ҳисоб меравад.
Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун», (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳангии Ҳизби Коммунистии Чин дар байни синфи коргар, мардум ва миллати Чин мебошад.