21 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамонони кишвари Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд.
Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Рустами Эмомалӣ руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
21 август инчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳ аз Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин боздид ба амал оварданд.
Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оѓоз намуда, дар он беш аз 2500 аксҳо, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ҳудуди беш аз 147 ҳазор метри мураббаъро ишѓол карда, намоишгоҳи калонтарин ва муҳими миллии Чин ба ҳисоб меёбад.
Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун», (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳанги синфи коргар, мардум ва миллати чин будани Ҳизби Коммунистии Чин мебошад.
Худи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи барномаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Ичжуани шаҳри Пекин ба Минтақаи намоиши идоракунии худкори сатҳи баланди шаҳри Пекин ташриф оварданд.
Зимни боздид аз минтақаи мазкур муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо имкониятҳои минтақаи таҷрибавӣ оид ба татбиқи барномаи автомобилҳои зеҳнӣ бо имконоти шабакавӣ аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳудуди минтақаи таҷрибавӣ 225 километри мураббаъро дар бар гирифта, он ҳудудҳои фурудгоҳи байналмилалиии Дасин, 6 шоҳроҳҳои автомобилгарди атрофи Ичжуан, инчунин ду шоҳроҳи тезгарди байнишаҳриро фаро мегирад. Дар айни замон барои аз санҷиши тестӣ гузаронидани автомобилҳои бесарнишин шаҳрдорӣ 200 роҳи масофаи умумиашон 700 километрро вогузор кардааст.
Мавриди зикт аст, ки аввалин иҷозатномаи пешниҳоди хизматрасонии мусофиркашонии нақлиёти бесарнишинро дар Чин ширкати Baidu, ки дар ихтиёри худ 20 адад воситаҳои нақлиёти худкору бесарнишини насли панҷумро дорад, соҳиб гардидааст.