Имрӯз дар Китобхонаи Милли Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа бори нахуст оғоз гардид. Дар ин бора Нушофарин Олимова хабарнигори радиои «Овози тоҷик” хабар медиҳад.
Дар нишасти мазкур вазирони нақлиёти ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуда масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз он ҷумла, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди хизматраониҳои муосири нақлиётию логистикӣ , татбиқ ва истифодаи иехнологияҳои иноватсионӣ, ташвиқ ва рушди истифодаи намудҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ ҷавобгӯ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳо дар нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардида, рӯзҳои 14-15 дар доираи Вохурии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расонида мешавад.



