
Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмиллалии наҷоти Арал 14 сентябри соли равон, дар Меҳмонхонаи «Румӣ» Форуми ташкилотҳои кор бо ҷавонони Осиёи Миёна баргузор мегардад. Дар ин бора радиои”Овози тоҷик” дар истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори он роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва табодули таҷриба мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ташкилотҳои кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.