
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумхуриявӣ таҳти унвони «Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид. ДАр ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зарангези Маҳмадулло хабар медиҳад.
Дар конфронс раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ, коршиносони масоили сиёсӣ, намояндаҳои масъули вазорату идораҳои зидахли давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ,ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаҳои васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамоишро Парвиз Муҳаммад, муовини якуми директори маркази тадқиқоти стратегӣ оғоз намуда, дар робита ба манфиатҳои миллӣ дар даврони нави рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар суханронӣ намуд.
Сипас намояндаи Вазорати мудофеаи ҶТ дар иртибот ба саҳм ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва техникии ниҳодҳои зидахл, табодули таҷриба ва соири ҳамкориҳои вазорат иттило дод.
Ҳамчунин аз тарафи коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ ва кормандони ниҳодҳои гуногуни марбута дар бораи таҳдиду хатарҳои воқеӣ ба манфиатҳои миллии ҶТ, вазъи феълии ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва масоили вобаста ба манфиатҳои миллӣ сухнронӣ намуданд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои матраҳшуда дар конфронс, баҳсу баррасӣ ва назару пешниҳодҳои худро дар миён гузошатанд