
Имрӯз, 10 — уми ноябр дар толори калони бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Илм ва таҳсилот, тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ» ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилноза Сатториён хабар медиҳад.Дар Конфронс Эмомалӣ Насриддинзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ директори АМИТ, Муҳаммадюсуф Имомзода академики АМИТ, иштирок доранд. Ибтидо суханони муқадимавӣ ва табрикотии сохторҳои воломақоми ҷумҳурӣ ва ҳамкорони хориҷӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин шунида шуд.
Қобилҷон Хушвақтзода ректори донишгоҳ зимни сухани муқадимавии худ иброз намуд, ки Донишгоҳ дар тӯли 75 сол дар инкишофу рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми босазо гузошта, то имрӯз ин боргоҳи илму маърифатро беш аз 150 ҳазор мутахассис хатм кардааст, ки аз ин 80 ҳазор нафарро хатмкунандагони давраи соҳибистиқлолии мамлакат ташкил медиҳад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти гузаштан аз акредитатсияи байналмилалӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, соли 2021 аз Агентии байналмилалии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония ва соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Донишгоҳ 10 ихтисоси муҳиму зарурӣ барои иқтисодиёти кишварро аз акредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида, ҳар як ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии акредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон бо сертификати байналмилалӣ ба мӯҳлатҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд. Имрӯз Донишгоҳ бо зиёда аз 350 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷи кишвар созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Бояд гуфт, ки дар рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиё — 2023, ки якуним ҳазор донишгоҳ иштирок доштанд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори 401 — 450 ҳамчун донишгоҳи беҳтарин интихоб шуд. Ин дастоварди бузург дар арафаи 75 — умин солгарди донишгоҳ хотирмон аст.