
Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси ёздаҳуми “Муколамаи амниятии Ҳирот” ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мутабар Носирова аз ҷараёни конфронс хабар медиҳад.
Мавзӯи конфронси имсола «Бозсозии Афғонистон: Роҳҳои рӯ ба фардо» буда, мисли солҳои қаблӣ, дар он гурӯҳи мухталифи коршиносон оид ба Афғонистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, мансабдорони собиқи ҳукумати Афғонистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Ҳадаф аз ин ҳамоиш омӯхтани мушкилоти Афғонистон ва баррасии роҳҳои ҳалли қобили мулоҳиза аст. Конфронси амниятии Ҳирот ба унвони як минбар барои ворид шудан ба муколама дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ ва ба ҳам овардани дидгоҳҳои мухталиф дар бораи ояндаи Афғонистон хидмат мекунад.