Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора хабарнигори «Овози тоҷик» хабар медиҳад. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ роҳбарӣ мекунад. Ҷониби Туркманистонро бошад ҷонишини раиси Девони Вазирони Туркманистон Атахалиев Тангригулй Режепгулиевич рохбарӣ дорад.
Дар рафти мулоқот тарафҳо дар бораи рафти ичрои карорхои маҷлиси пештараи ёздаҳуми Комиссия, ки 9—10 ноябри соли 2022 дар Ашқобод барпо гардид, шунида шуд.