Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ҳамоиш таҳти унвони «Ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигории радиои » Овози тоҷик» Нушофарин Олимова хабар медиҳад .
Дар чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, асотсиатсияҳоисоҳибкорӣ, бахши хусусӣ, коршиносони сатҳи миллию минтақавӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо соҳаи соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ва асоси муваффақият қарор додааст, ки татбиқи дурусту самараноки он ҳамарӯза иқдомҳои созандаву дурбинонаро амалӣ менамояд.
Дар охири ҳамоиши табодул назар нисбат ба дастгирии соҳибкорӣ сурат гириф