Дар Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон 43 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷумҳуриҳои Узбекистону Қазоқистон дар риштаҳои мухталиф таҳсил нумуда истодаанд, гуфт ректори Донишгохи мазкур Назаров Хайрулло дар нишасти хабарӣ. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амониён аз ҷараёни нишасти мазкур хабар медиҳад.
Донишгоҳ ҳамкориҳои дуҷонибаро барои омӯхтани таҷрибаи пешрафтаи хориҷӣ якчанд донишгоҳҳои мухталифи олии Чин, Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст.
Дар соли таҳсили 2022-23 Донишгоҳи мазкурро 2180 нафар донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона,1745 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 41 нафар донишҷӯ дар шуъбаи магистратура таҳсил менамоянд, ки шумораи умумии донишҷуёни донишгоҳ 3966 нафарро ташкил медихад.Тахсил дар Донишгохи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон бо се забон-давлатӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.