Дар Тоҷикистон 8 ҳазору 41 нафар ҳунарманд дар 12 самт маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ истеҳсол мекунанд. Аз ин 3216 нафараш ба истеҳсоли дастӣ машғул аст – иттилоъ медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар. Шумораи бештари ҳунармандон аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар шаш моҳи соли 2024 он 57,1 миллион сомониро ташкил додааст.
Самандарзода П.
«Овози тоҷик»