Имрӯз дар ш. Душанбе бо ширкати беш аз 20 намоянда аз Қазоқистон Форуми ҷавонони Тоҷикистону Қазоқистон ифтитоҳ ёфт. Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва табодули таҷриба баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи кор б ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода баргузории ҳамоишро барои густариши робитаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳим арзёбӣ кард. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд, ки дар доираи он баргузории 9 чорабинии муҳим, аз ҷумла анҷумани соҳибкорон, нишасти олимон, рӯзҳои синамо ва фарҳанг ва шами дӯстӣ дар назар аст.