Дар арафаи таҷлили 30- юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1- уми ноябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ оид ба Волоияти қонун дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори форум намояндагони вазаоратҳои адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории форум таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.
Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорат аз соли 2015 инҷониб бо дастгирии шарикони рушд баргузор мегардад.
Фуруҳар Тоҳирӣ,
Радиои «Овози Тоҷик»