
Дар оғози суҳбат Президенти Русия Владимир Путин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи суҳбат Сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.
Дар робита ба ин Пешвои миллат итминони хешро ба он таъкид карданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда пешбурди муносибатҳои ҳамкориро ба нафъи мардумони ду кишвари ба ҳам дӯст таъмин хоҳанд кард.
Сарони ду давлат, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои тамосҳо ва мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода табодули афкор намуданд.
Худи ҳамон рӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику муборакбод намуда, бо таманниёти нек ба Сарвари давлати мо саломатии қавӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.
Зимнан, муҳтарам Шавкат Мирзиёев саҳми беназири Пешвои миллатро дар таҳкими пояҳои давлатдории мардуми Тоҷикистон, нуфуз ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври хосса таъкид карданд.
Дар идомаи суҳбат аз сатҳи баланди муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои то имрӯз бадастомада, ҳамчунин, саъю талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои кишварҳои мо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ иброз намуданд.