
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро дар деҳоти Булёни поён ба истифода доданд.
Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон бо кормандони соҳаи маориф ва илм, ки рӯзи якуми сентябри соли равон сурат гирифта буд, бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар мудати як моҳ омода карда шуд.
Дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди ноҳия баробари дигар иншооти ҳаётан муҳим 4 кӯдакистон сохта ба истифода дода шуд ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд муассисаи дигари томактабӣ бунёду омода хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар, МТМУ № 11 дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳр, МТМУ №86 дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифов, муассисаи таълимии томактабии №8, МТМУ №15, МТМУ №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинг ва бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара ба истифода дода шуда, санги асоси биноҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева гузошта шуд.