
Имрӯз, 27 январ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита, мудири бахши иттилооти раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, директорони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, роҳбарони сохторҳо ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Ба иттилои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 2 барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла, “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024” татбиқ гардид. Бояд гуфт, ки баъд аз иҷрои пурраи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони рақамӣ аз 65,8% ба 86% расонида шуда, ба андозаи 20,2% зиёд гардид. “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бошад барномаи маҷмуӣ буда, он масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо, такмили тахассус ва зина ба зина таҳким бахшидани заминаҳои техникиро дар бар мегирад. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур дар маҷмуъ соли 2024 Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” 20 машғулияти омӯзишӣ дар самтҳои продюссерӣ, дизайни барномаҳо, сенариянависӣ, ороишгарӣ, маҳорати суханварӣ, наворбардорӣ, рушди мултимедия, коргардонӣ, забономӯзӣ ва дигар равияҳои марбут ба соҳаи телевизион, радио ва матбуот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор намуд. Дар натиҷа давоми сол 428 нафар кормандони шабакаҳои телевизион, радио, нашрияҳои даврӣ, котибони матбуотии вазорату идораҳо ба такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар доираи барномаи рушди телевизион дар самти ба формати рақамӣ гузаронидани шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ ТВ Бадахшон низ ба формати пахши дақиқияташ баланд HD ба пуррагӣ омода карда шуд, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар ин марҳила раванди ҳамкориҳоро бо шарикони нав рушду тавсеа бахшид. Кумита дар ин давра бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо кард. Роҳбарияти Кумита вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо бо намояндаи як қатор созмонҳои муқими Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Аз ҷумла, бо сардори шуъбаи иртибот, таблиғот ва ҳамкории ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, бо роҳбари дафтари намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон, бо намояндагони Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо намояндагони Шурои роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии телерадиоии кишварҳои узви ИДМ мулоқоти маҷозӣ баргузор намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар бахшҳои такмили ихтисоси кормандон, таҳияи филмҳои аниматсионӣ ва ғайраро баррасӣ кард.
Тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радио сохтори Кумита дар соли 2024 бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рўйдоду чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла, сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохўрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, баррасии мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзуъҳо як қатор корҳо ба анҷом расонда шуд.
Шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмӯъ 653 номгӯйи барномаҳои гуногунжанрро таҳия ва пахш намуданд. Аз ин 76 номгӯйи барномаҳо лоиҳаҳои нав мебошанд, ки соли 2024 рӯйи кор омадаанд. Шабакаҳои радиои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмўъ, 319 номгўйи барномаву гуфторҳои таҳлилию фарҳангиро мунтазам таҳия ва пахш намуданд. Аз ин 33 номгўйи барномаҳо лоиҳаҳои нав мебошанд.
Дарсоли 2024 аз ҷониби Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ фаъолияти 14 шабакаи телевизиониву радиоӣ ва студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ба расмият дароварда шуд. Аз ин миқдор 6 адад телевизион, 5 адад радио ва 3 адади дигар студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошад.
Айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд