
Робитаи байналмилалӣ ҷузъи муҳими фаъолияти Донишгоҳи технекии Тоҷикистон ба номи Академек М.С. Осимӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон донишгоҳ бо муассисаҳои зиёди таълимӣ ва илмию таҳқиқотии хориҷи кишвар робитаҳои самаранокро ба роҳ мондааст.
Дар соли 2024 бо мақсади густариши ҳамкорӣ, ба роҳ мондани табодули академии устодону донишҷӯён ва дарёфти шарикони рушд дар маҷмуъ зиёда бо 40 ҳайати васеъи муассисҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ мулоқоту вохуриҳои судманд анҷом дода шуда, 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки феълан зиёда аз 700 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Русия, Қирғизистон, Чин ва Қатар дар зинаҳои гуногуни таҳсил менамоянд.
Қобили қайд аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо зиёда аз 160 муассисаи таҳсилоти олӣ ва касбии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Фуруҳар Тоҳирӣ, радиои «Овози тоҷик»