
Дар Тоҷикистон теъдоди муштариён ба шабақаҳои алоқаи барқӣ пас аз дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он 8 миллион нафарро ташкил дода зиёда аз 5 миллион муштарии фаъол сабт шудааст. Қобили зикр аст, ки шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 миллион нафарро ташкил намудааст.
Теъдоди муштариёни имтиёздор 7820 нафар будааст. Ҳамчунин хизматрасонии алоқа дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 470 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз будҷаи давлатӣпардохт мешавад.
Дар давоми соли 2024 ба Хадамоти алоқа 107 адад муроҷиратҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки аз он ба 97 муроҷиат посухи мушаххас гардонида шуда , 10 муроҷиат дар баррасӣ қарор доранд.
Ҳамзамон аз тарафи ширкатҳои мобилӣ автомашинаҳои махсуси алоқаи сайёр ба истифода дода шуда, заминаҳои бонкинги мобилӣ дар смартфонҳо ба кор дароварда шуданд.
Фуруҳар Тоҳирӣ, радиои «Овози тоҷик»