
Ширкати фаронсавии CARPI Tech барои иштирок дар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Ин ширкат махсусан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ дорад. Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иқтидори гидроэнергетикии ин дарё 33,94 миллиард кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад. Ҳанӯз соли 2018 Тоҷикистону Ӯзбекистон барои сохтмони ду нерӯгоҳ дар ин дарё тавофуқ карда буданд. Соли 2022 ба бунёди НБО «Ёвон» бо иқтидори 140 МВт оғоз шуд, ки арзиши он 282 миллион долларро ташкил медиҳад. Неругоҳҳои сохташуда метавонанд солона то 1,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунанд.
Бо назардошти моҳияти истифодаи захираҳои обии дарёҳо ва обанборҳо дар баланд бардоштани иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва қонеъ кардани талаботи давлатҳои Осиёи Маркази ба барқ, дар дарёҳои калонтарини ҷумҳурӣ боз якчанд нерӯгоҳҳои хурду калони барқӣ ба лоиҳа гирифта шудаанд:
— аз ҷумла, дар дарёи Панҷ сохтмони 14 нерӯгоҳҳои гуногун, ки онҳо метавонанд дар як сол то 86,3 миллиард киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол кунад;
-дар дарёи Оби-Хингов сохтмони 5 нерӯгоҳ бо иқтидори умумии 3700 меговатт дар назар аст;
-дар дарёи Сурхоб 4 нерӯгоҳи обӣ бо иқтидори умумии 2050 мегаватт;
-дар дарёи Фондарё 4 нерӯгоҳ бо иқтидори умумии 150 мегаватт ва ғайраҳо.
-бо назардошти бо қувваи барқ таъмин намудани сокинони ноҳияҳои кӯҳи-ВМКБ, Масчоҳ, Дарвоз, Рашт, Ховалинг, Муминобод, Шаҳристон, Айнӣ ба барнома сохтмони зиёда аз 241 нерӯгоҳҳои хурди барқии оби ба лоиҳа дохил шудаанд. Илова бар ин, мувофиқи барномаи дарозмуддат то соли 2030 сохтмони боз 190 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба барномаи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 25 000 дарёҳои хурду калон мавҷуд буда ва захираҳои гидроэнергетикии онҳо зиёда аз 527 миллиард КВС мерасад.
Радиои «Овози «тоҷик»