Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи панҷуми байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн» оғоз гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Австралия ва Фаронса ширкат доранд, иттилоъ медиҳад мухбири радиои «Овози тоҷик» Таҳмина Амониён.
Ба қавли мухбир, дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки «конференсияи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 нисбат ба гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок баргузор карда мешавад».
Бояд гуфт, ки брномаи мазкур самти фарох дошта, ба воситаи он, пеш аз ҳама, маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок зарур аст, ба даст меояд. Барнома ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб карда, баъд дар шакли модели 3 нишон медиҳад, ки ин кори мутахассисонро даҳчанд осон мегардонад. Барнома қудрати нишон додани ҳатто миқдори ками маъданро ҳам дорад. Он корхона ва ширкатҳое, ки ба истихроҷи канданиҳо машғуланд, тариқи ин барнома метавонанд ба таври онлайн, яъне мустақим назорати ҷараёни истихроҷи маъданро ба роҳ монанд.
Зимни ироаи маърӯзаи ифтитоҳӣ Амбруаз Нанкетт, директори тиҷоратии «Макромайн» иброз дошт, ки «дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, инноватсия ва рақамикунонӣ нармафзори «Макромайн» барои истихроҷи маъдан тақозои замон маҳсуб мешавад. Имрӯз ин барнома дар соҳаи геология васеъ истифода бурда шуда, бо вазифаҳо ва имконоти нав барои кашидани тарҳи конҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок, тарҳсозӣ ва банақшагирии геологӣ дар 100 давлати ҷаҳон истифода мегардад».
Конференсияи мазкур ду рӯз идома ёфта, 5 август анҷом меёбад.