
Имрӯз 29 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» ба кори худ оғоз кард. Чорабинии мазкур бо мақсади амалигардонии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон гардидани Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ мешавад. Дар ин чорабинӣ сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъоли тоҷик иштирок доранд. Ҳамзамон дар форум бобати нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мубоҳоисаҳо баргузор мешаванд.
Зулайхои Раҷаб,
Радиои Овози тоҷик