
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Салмон-Бинокорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Шифери истеҳсолкардаи корхонаи Салмон-Бинокор сифати баланд дошта, дар гармӣ ва сардӣ тобовар мебошад ва барои солҳои зиёд истифода намудани он кафолат дода мешавад.
Дар ин ҷо раванди қабул ва омехтакунии ашёи хом тавассути дастгоҳҳои махсус сурат гирифта, пас аз ин, дар хатти дигари технологӣ корҳои қолабмонӣ ва омодасозии маҳсулоти тайёр анҷом дода мешавад.
Ҳамин тариқ коргарону мутахассисон имкон доранд, ки тавассути технологияҳои муосир дар як шабонарӯз аз 4000 то 4500 шифер истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон гардонанд.
Соҳибкори ватанӣ бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешбинишуда дар шафати ҳамин иншоот, ҳамзамон, корхонаи нави истеҳсоли регу шағал бунёд намудааст, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 20 сокини деҳаи Сӯҷина бо кор таъмин мешаванд.
Ҳоло дар ин қисмат корҳои васлу насби таҷҳизот идома дошта, дар ояндаи наздик корхона фаъолиятро бо иқтидори 120 тонна маҳсулоти тайёр дар як соат оғоз менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо корхонаи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли маҳсулоти бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Чинор-сой, корхонаи оҳакбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки Зарафшон, коргоҳи пойафзол, пули мошингузари деҳаи Қумоқ бо дарозии 48 метр, системаи обтаъминкунии шаҳри Панҷакент, шабакаи оби нӯшокии деҳоти Саразм ва хати оби полезӣ дар деҳоти Лоиқ Шералиро тариқи маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо тариқи маҷозӣ корхонаи дигари саноатӣ, ки дар деҳаи Чинори шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ номгӯи маҳсулоти корхонаи муштараки Зарафшон, аз қабили тилло, нуқра, хокаи мис, миси катодӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрокворӣ, сарулибоси мактабӣ, инчунин, маҳсулоти ширӣ ва нушокиҳои ташнашикан муаррифӣ шуд.
Ҳоло корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент 43 номгӯи маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ содирот низ мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 5 моҳи соли 2025 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи наздики 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 518 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин ҳисоб, ҳамчунин, хизматрасонии пулакӣ шомил аст.
Дар моҳҳои январ-июли соли 2025 бо ҳадафи рушди соҳа, таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва бо кор таъмин намудани сокинон дар марказ ва деҳоти шаҳри Панҷакент 13 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бунёду мавриди истифода қарор дода шуд ва то охири ҳамин сол боз 7 корхонаи нави саноатӣ бунёд мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорону шарикони рушдро дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои муосир ва саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар намуна арзёбӣ намуда, барои пешрафти соҳа ва таъмини рақобатпазирии маҳсулот ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.