18 ноябри соли 2026 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Кристофер Ландау баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро баррасӣ намуда, доир ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ намуданд.



