18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кшвар имрӯз доираи васеи соҳаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва амниятиро дар бар мегиранд.
Ба натиҷаҳои мулоқоти Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА ва нишасти сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)”, ки соли гузашта дар Вашингтон доир гардиданд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд. Ду ҷониб, ҳамчунин, раванди татбиқи мувофиқаҳои дар зимн бадастомадаро ба баррасӣ гирифтанд.
Ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо дар бахши саноати кӯҳӣ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат қарор дошт.
Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои мақомоти соҳавии ду кишвар дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҳамчунин, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ибрози андеша намуданд.



