
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бишкек ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.