Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко
22 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тамоили усутвори рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарламентии Тоҷикистону Россия, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зарурати истифодаи пурраи зарфиятҳо ва имкониятҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.