Имрӯз дар Маркази тадқиқти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи » Татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаккули энергияи сабз ва дурнамои нишондиҳандаҳои он» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар рафти ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳадаф аз роҳандозии ин чорабинии сатҳи баланд пеш аз ҳама таҳлили вазъи рушди энергияи сабз ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат дар заминаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, таҳлилу. арзёбии дастовардҳо,муайян
намудани имкониятҳо барои рушди соҳаи энергетика ва дурнамои нишондиҳандаҳои он ба шумор меравад.
Инчунин дар рафти мизи гирд мавзуъҳои нақши иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини амнияти энергетикӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди энергияи сабз дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои нишондиҳандаҳои он, роҳҳои асосии таъмини рушди устувор дар доираи татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 2037 мавриди таҳлил ва баррасии коршиносон қарор гирифт.



