Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон — таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фурӯҳар Тоҳирӣ аз ҷараёни ҳамоиши мазкур хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳури Тоҷикистон , роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, ҷоизадорони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи презедентӣ , олимону муҳақиқони ҷавон, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли кишвар дар маҷмӯъ 400 нафар иштирок доранд.
Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, баъд аз садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ бо суханони табрикотӣ иштирокдоронро табрик гуфта, дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани он ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он суханронӣ намуд. Ҳамоиш идома дорад.