Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тавонист чанд лоиҳа даст ёбад. Дар ин бора Зулфия Олимбекова, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз ҷараёни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти пешниҳод кардаи роҳбарияти донишгоҳ дар татбтқт чанд лоиҳа, аз он ҷумла, Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо, Лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ”-и Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) , лоиҳаҳои Ташкилоти Кореягии WTTT, Маркази байналмилалии тиҷорати ITC фаъолона иштирок дорад, ки амалишавии бештари онҳо дар солҳои оянда низ идома дорад.
Бинобар ҳисоботи донишгоҳи мазкур дар зимни ҳамкориҳои густурда байни ДТТ ва Донишкадаи Шоҳ Сеҷонги Корея ба дарёфти гранти молияӣ доир ба таъсиси Маркази забономӯзии ноил гардид, ки Донишкадаи Шоҳ Сеҷонги Корея дар назди донишгоҳ ноил гардид.