Ба Раиси Жогорку Кенеши
Ҷумҳурии Қирғизистон,
Нурланбек Тургунбек уулу
Муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу
Табрикоти самимиро ба муносибати аз нав ба мансаби Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб гардидан бипазиред.
Интихоб гардидани Шумо ба ин мақоми олии давлатӣ далели равшани эътимоди баланди намояндагони мардумӣ ба Шумо, эътирофи касбият, таҷрибаи васеъ ва саҳми назарраси Шумо дар рушди парламентаризм ва таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Бо қаноатмандӣ рушди муттасили муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин ҳамкории созандаи байнипарламентӣ байни Маҷлиси Миллӣ ва Жогорку Кенешро зикр менамоям.
Ба Шумо, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ, муваффақиятҳои нав ва ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ



