Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16 декабри соли 2025 дар бораи имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар моҳи марти соли равон сухан ронда, онро ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат номид.
Бояд гуфт, муқаррар кардани марзи давлатӣ ва имзои созишнома натиҷаи заҳмати чандсолаи ҳайати ҳукуматии кишварҳои ҳамҷавор мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 1006 киломтер марзи муштарак доранд. Воқеан ҳам, ҳалли мушкилоти марзи сарҳадӣ бо ин кишвари ҳамсоя яке аз дастовардҳои бузургест, ки соли равон амалӣ гардид. Он ба муноқишаи марзӣ, ки солҳои охир дар вилоятиСуғд ва Ботканди Қирғизистон аз барои обу замин сар мезад, хотима мегузорад. Акнун сокинони ду кишвар, ки пеш бо ҳам рафтуо ва тиҷорат доштанд, бемалол метавонанд муносибати ҳамсоягии худро дар фазои амну субот идома диҳанд. Ман ёд дорам, ки солҳои пеш мардуми ин ду кишвари ҳамсоя ба ҳам эҳтиром мегузоштанд ва муносибати ҳасана доштанд. Зеро садсолаҳо боз дар Қирғизистон тоҷикон ва дар Тоҷикистон қирғизҳо зиндагии осуда доранд.
Соли равон ҳамчунин шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард.
Воқеан, созишномаи мазкур низ аҳамияти калони сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.
Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки «ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст». Бинобар ин, созиш намудан бо ҳамсоя ва дар сулҳу субот зиндагӣ кардан ба ҳамагонмуфид аст. Зеро сулҳу субот омили асосии рушди ҳамаи соҳаҳо маҳсуб мешавад.
Чанд нафар аз дӯстонам, ки солҳои охир ба тамошои Самарқанду Бухоро ва Тошканд рафта буданд, аз муносибати хуб ва эҳтироми ҳамсояҳо ёд мекунанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз эҳтирому меҳмононавозии тоҷикон ҳарф мезананд.
Бояд қайд кард, ки ҳангоми татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» ба роҳ мемонад.
Чӣ хеле ки Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард.
Ҷовид Муқим



