3 ноябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» мизи мудаввар таҳти унвони «Афзалиятҳои Тоҷикистон дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ва муаррифии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон 3.0 (NDC 3.0)» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муаррифии афзалиятҳои иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи COP31, инчунин баррасии ҳуҷҷати NDC 3.0, ки ҳадафҳои миллии иқлимии кишварро то соли 2035, тадбирҳои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муайян менамояд, бахшида шуд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аҳаммияти гузариш аз муайян намудани ҳадафҳои иқлимӣ ба татбиқи амалии онҳоро таъкид намуд. Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2026 тасдиқ гардидани NDC 3.0 қадами муҳим дар таҳкими уҳдадориҳои миллии иқлимии кишвар ба ҳисоб меравад.
Тибқи ҳуҷҷати мазкур, Тоҷикистон ният дорад, ки партовҳои газҳои гулхонаиро дар муқоиса бо сатҳи соли 1990 то соли 2030 ба андозаи 10 фоиз ва то соли 2035 ба андозаи 15 фоиз коҳиш диҳад. Дар сурати дастрас гардидани дастгирии зарурии молиявӣ ва технологии байналмилалӣ, ин нишондиҳандаҳо метавонанд мутаносибан то 25 ва 40 фоиз расонида шаванд.
«Тасдиқи NDC 3.0 анҷоми кор нест, балки оғози марҳилаи муҳимтар — татбиқи амалии он мебошад. Ҳадафҳои муайяншуда бояд дар барномаҳои соҳавӣ, нақшаҳои рушди минтақаҳо ва афзалиятҳои сармоягузорӣ инъикос ёбанд. Самаранокии сиёсати иқлимӣ бояд на аз рӯи шумораи ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, балки аз рӯи натиҷаҳои воқеӣ барои иқтисодиёт ва аҳолӣ арзёбӣ гардад», — таъкид намуд Баходур Шерализода.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маблағгузории зарурӣ барои татбиқи тадбирҳои пешбинишудаи NDC 3.0 дар давраи солҳои 2026–2035, вобаста ба сенарияи татбиқ, аз 20 то 22,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин замина, ҷалби маблағҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла маблағгузории имтиёзнок, грантҳо, технологияҳои муосир ва сармоягузории бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мизи мудаввар самтҳои асосии татбиқи NDC 3.0, механизмҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин қадамҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иқлимии кишвар баррасӣ шуданд. Ба рафти таҳияи Ҳисоботи дусола оид ба шаффофият (BTR), Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (NAP) ва Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (NBSAP) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи чорабинӣ маросими расмии супоридани ҳуҷҷати NDC 3.0 аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин маросим рамзи ҳамкории шарикона ва оғози марҳилаи нави масъулияти муштарак дар татбиқи ҳадафҳои иқлимии кишвар гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Мизи мудаввар барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, табодули афкор ва ҳамоҳангсозии иқдомҳои минбаъда дар самти татбиқи сиёсати иқлимии Тоҷикистон ва омодагии кишвар ба иштирок дар COP31 замина фароҳам овард.
В Душанбе состоялся круглый стол, посвящённый приоритетам Таджикистана в рамках КС-31 и презентации ОНУВ 3.0



